Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2,2 млрд. $ расид

Нимсолаи аввали соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2,2 млрд. доллари ИМА расид, ки ба 21,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев хабар дод. «Идоракунии қарзи давлатии хориҷии кишвар дар ин давра дар сатҳи зарурӣ таъмин гардида, хизматгузорӣ ба […]

Заррина Эргашева



Нимсолаи аввали соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2,2 млрд. доллари ИМА расид, ки ба 21,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев хабар дод.

«Идоракунии қарзи давлатии хориҷии кишвар дар ин давра дар сатҳи зарурӣ таъмин гардида, хизматгузорӣ ба он комилан ба иҷро расонида шуд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Нуралиев, дар ин давра барои пардохт ва хизматгузории қарзи хориҷӣ 67 млн. доллари ИМА, аз ҷумла пардохти қарзи асосӣ – 51,3 млн. ва пардохти фоизҳо аз қарз – 15,7 млн. доллари ИМА равона шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми қарзи дохилӣ ба санаи 1-уми июли соли равон 2,3 млрд сомониро ташкил додаааст, ки ба 4,7% нисбат ба ММД баробар аст, яъне барои пардохти ин қарз 55 млн. сомонӣ маблағ равона шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 161,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки ба 25,4%-и ММД баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.