Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 35,6%-ро ташкил медиҳад

Бино ба маълумоти таҳқиқоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 35,6%-ро ташкил медиҳад. Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии омори ҷумҳурӣ Гулнора Ҳасанова дар ин робита изҳор намуд, ки таҳқиқоти мазкур бар асоси методологияи Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуда, давраи аз моҳи июни соли 2012 то моҳи июни соли 2013-ро дар бар мегирад. […]

Пайрав Чоршанбиев



Бино ба маълумоти таҳқиқоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 35,6%-ро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии омори ҷумҳурӣ Гулнора Ҳасанова дар ин робита изҳор намуд, ки таҳқиқоти мазкур бар асоси методологияи Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуда, давраи аз моҳи июни соли 2012 то моҳи июни соли 2013-ро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони Агентӣ буҷети 3 ҳазор хонавода дар саросари кишварро мавриди таҳқиқ қарор дода, муайян карда шудааст, ки хароҷоти 35,6%-и хонаводаҳои мансуб ба қишри камбизаоти аҳолӣ дар ин давра камтар аз 145 сомонӣ дар як моҳро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳасанов зикр кард, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, дар ин давра 14%-и аҳолии кишвар дар ҳоли фақри шадид қарор дошта, ин хонаводаҳо ба хароҷоти на бештар аз 104 сомонӣ дар як моҳ имкон доштаанд.

Роҳбари Агентӣ қайд кард, ки ин таҳқиқоти аввали Агентии омори кишвар буда, минбаъд ҳамасола анҷом додани чунин таҳқиқот дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи камбизоатии аҳолии ҶТ барои солҳои 2013-2015, дар соли 2015 то ба 31,5% коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ пешбинӣ мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.