Адвокат: Қудратов пул гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, ки ба сифати адвокат аз манфиатҳои ҳамто ва муовини худ дар ҳизб Шуҳрат Қудратов ҳимоя мекунад, дар робита ба боздошти ӯ изҳор намуд, ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя. «Воқеъан ҳам адвокат Шуҳрат Қудратов аз зерҳимояи худ […]

Маҳпора Киромова



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, ки ба сифати адвокат аз манфиатҳои ҳамто ва муовини худ дар ҳизб Шуҳрат Қудратов ҳимоя мекунад, дар робита ба боздошти ӯ изҳор намуд, ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.

«Воқеъан ҳам адвокат Шуҳрат Қудратов аз зерҳимояи худ Амиралӣ Сумалаев пул гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя, то ки зерҳимояашро бегуноҳ эътироф намояд, балки ба ҷониби дуюм – ҷабрдида додани ин маблағ барои ҷуброни зиёни расида ба ӯ аз Сумалаевҳо», – иброз дошт Зойиров.

Ба гуфтаи ӯ, Шуҳрат Қудратов ин матлабро зимни маросими рӯбарӯкунӣ бо дӯсти А.Сумалаев ки ҳангоми додани пул иштирок доштааст ва ҳам қаблан дар ҷараёни маросими рӯбарӯкунӣ бо худи Сумалаев изҳор доштааст.

Ба савол дар бораи аз ҷониби худи Сумалаев ва дӯсти ӯ айбдор донистани Қудратов дар гирифтани маблағи пулӣ барои порадиҳӣ ба судя, Зойиров танҳо ҳаминро зикр кард, ки айни замон гуфтаҳои онҳо мухолифатомезанд. «То охири тафтиш ман дар бораи маҳз чиҳо гуфтани онҳо чизе гуфта наметавонам, вале қайд карданиам, ки нишондодҳои онҳо мухолифи якдигаранд», – афзуд Зойиров.

Ба қавли номбурда, рӯзи 24-уми июл ӯ ҳамчунин бо зерҳимояи худ вохӯрда, Қудратов ба ӯ маҳз чӣ гуна сурат гирифтани ҳодисаро шарҳ додааст.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл

маълумоти расмӣ

интишор намуд.

Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро

шахсан ҳимоят мекунад

.

Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов

изҳорот пахш намуда,

аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.