Рустам Холиқов: «Тоҷик Эйр»-ро «ба по мехезонем»

– Президенти кишвар ҷиҳати беҳбуд бахшидан ва «ба по хезондан»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дастур дод ва баҳри роҳандозии фаъолияти пурсамари ин ширкат, ду сохтор – «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва «Тоҷик Эйр»-ро муттаҳид сохт», – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ҳамзамон директори генералии тозатаъини ҶСК «Тоҷик Эйр» […]

Заррина Эргашева



– Президенти кишвар ҷиҳати беҳбуд бахшидан ва «ба по хезондан»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дастур дод ва баҳри роҳандозии фаъолияти пурсамари ин ширкат, ду сохтор – «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва «Тоҷик Эйр»-ро муттаҳид сохт», – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ҳамзамон директори генералии тозатаъини ҶСК «Тоҷик Эйр» Рустам Холиқов.

Холиқов қайд кард, ки таъинот ба мансаби директори генералии «Тоҷик Эйр» барояш ногаҳонӣ буд ва ҳамон рӯз аз васоити ахбори умум аз ин таъинот огаҳӣ ёфтааст.

«Мо аз ҳисоби фурудгоҳ пешравии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-ро таъмин карданӣ нестем, балки сохтори менеҷмент, методҳои идоракунӣ, даромаду хароҷоти ширкат бозбииву таҷдид мешаванд», – гуфт ӯ.

Холиқов қайд кард, ки айни замон қарзи «Тоҷик Эйр» аз фурудгоҳи пойтахт 70 млн. сомонӣ буда, дар бораи «бахшидан»-и онҳо сухан намеравад.

«Барои бозбинии ин қарзҳо қарори ҳукумат зарур буда, гузашта аз ин, аз ин маблаги қарз мо аллакай андозро пардохтем, вале вазъро метавон ба эътидол овард. Мо аллакай ба кормандони ширкати ҳавопаймоӣ музди меҳнати семоҳаи таъхиршудаашонро пардохта, ҳамчунин ба мутаваққиф гузоштани парвозҳо хотима бахшида шуд. Ҳамаи парвозҳо бидуни нишаст барои дубора маводи сӯхт гирифтан ва мустақиман ба иҷро мерасанд», – қайд кард вай.

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки барои беҳбуди фаъолияти ширкати «Тоҷик Эйр» дастгирии ҳукумат зарур буда, вале он бояд на ба тарзи ҷудо кардани маблағ аз буҷет сурат гирад, балки тариқи дастгирӣ дар хароҷоти пардохти андозҳо ва дигар воситаҳо амалӣ гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.