Вазорати тандурустӣ ба минтақаи Кӯлоб 8 ҳазор адад вактсинаи зидди илтиҳоби шуш фиристод

Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои пешгирии бемории варами шуш ба минтақаи Кӯлоб 8 ҳазор адад вактсинаҳои зидди ин бемориро фиристод. Сардухтури беҳдоштии минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки истифодаи вактсина миёни кӯдакони синни аз 2-сола боло ва шаҳсони аз 65-сола боло гузаронида мешавад. «Ҳамчунин нисбат […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои пешгирии бемории варами шуш ба минтақаи Кӯлоб 8 ҳазор адад вактсинаҳои зидди ин бемориро фиристод.






Сардухтури беҳдоштии минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки истифодаи вактсина миёни кӯдакони синни аз 2-сола боло ва шаҳсони аз 65-сола боло гузаронида мешавад.





«Ҳамчунин нисбат ба беморони қанд, зиққи нафас, дил ва гирифтори нашъамандӣ низ чораҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки бештари чунин беморон дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор ба қайд гирифта шудаанд.





«Вактсинаҳо ба ноҳияҳо фиристода шуданд ва дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд, – идома дод ӯ. – Ба нахустин эҳтиёҷмандон аллакай тавассути ин вактсина кӯмаки тиббӣ расонида шуд».



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.