Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ идома дорад

Хоруғ. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳошияи боздиди худ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба ноҳияи Ишкошим рафт. Аз маъмурияти раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин ҷо сарвари давлат бо шароити хизмату зисти афсарону сарбозони яке аз қисмҳои низомии ҷумҳурӣ, ҷараёни азхудкунии 100 гектар заминҳо, […]

Шонаврӯз Афзалшоев



Хоруғ. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳошияи боздиди худ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба ноҳияи Ишкошим рафт.






Аз маъмурияти раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин ҷо сарвари давлат бо шароити хизмату зисти афсарону сарбозони яке аз қисмҳои низомии ҷумҳурӣ, ҷараёни азхудкунии


100 гектар

заминҳо, корҳои тадқиқотии беҳтар кардани навъи тухмиҳои хушсифати зироати ғалладона, картошка ва зироатҳои дигари кишоварзӣ шинос мешавад. Пас аз ин Э.Раҳмон ният дорад, бо сокинони ноҳия мулоқот орояд.





Дар нимаи дуюми рӯз сафари президент ба ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст, ки он ҷо ӯ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои шӯъбаи маориф ва гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии сохтмони бинои шӯъбаи Бонки амонатгузории давлатии «Амонатбонк» ширкат хоҳад варзид.





Тавре қаблан хабар додем, шоми имрӯз сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ният дорад, дар он ҷо бо сокинони шаҳр мулоқот доир кунад. Ҳамчунин дар варзишгоҳ намоиши тетарикунонидашуда баргузор мешавад.





Пагоҳ сарвари дават дар шаҳри Хоруғ бо ҷараёни корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос гардида, ба таҳкурсии бунёди бинои гимназияи президентӣ хишти аввал мегузорад ва дар маросими ифтитоҳи маркази савдо ширкат меварзад.


Интизор меравад, ки дар анҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ҷаласаи васеъ доир месозад, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайян карда хоҳанд шуд.  





Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон бо сафари серӯза дар таърихи 18-уми июл ба ВМКБ рафт.





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.