Тоҷикистониён ба иди саиди Фитр омодагӣ мегиранд

Мардуми мусалмони Тоҷикистон ба таҷлили иди саиди Фитр, ки рӯзи 28-уми июл фаро мерасад, омодагӣ мегиранд. Субҳи ин рӯз дар тамоми масҷидҳои кишвар намози ид баргузор мешавад. Қобили зикр аст, ки соли равон барои мусалмонони рӯзадори Тоҷикистон хеле душвор омад, зеро муддати моҳи Рамазон ҳарорати ҳаво то ба 40-45 дараҷа гармӣ мерасид. Мақомоти шаҳрдории Душанбе […]

ASIA-Plus



Мардуми мусалмони Тоҷикистон ба таҷлили иди саиди Фитр, ки рӯзи 28-уми июл фаро мерасад, омодагӣ мегиранд. Субҳи ин рӯз дар тамоми масҷидҳои кишвар намози ид баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли равон барои мусалмонони рӯзадори Тоҷикистон хеле душвор омад, зеро муддати моҳи Рамазон ҳарорати ҳаво то ба 40-45 дараҷа гармӣ мерасид.


Мақомоти шаҳрдории Душанбе

дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони пойтахт ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти ғизойии нархҳояшон дастрас дар остонаи иди моҳи шарифи Рамазон аз 25 то 27-уми июл ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизойӣ барпо мекунад.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 2 ҳазору 175 доллари ИМА воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. Ин маблағ бо назардошти қоидаҳои шариати ислом бо нархи 2 кило орд муайян гардидааст.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз пардохти закот ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.