Амалишавии 68 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 68 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Тавре аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд, маблағи умумии воситаҳои аз рӯи ин лоиҳаҳо азхудшуда дар нимсолаи аввали соли равон 371,3 млн. сомониро ташкил дод. «Аз ин миқдор маблағ 131 млн. сомониашро қарз ва 189 млн. сомониашро бурсҳо ташкил дода, ҳиссаи Тоҷикистон дар […]

Заррина Эргашева



Айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 68 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад.

Тавре аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд, маблағи умумии воситаҳои аз рӯи ин лоиҳаҳо азхудшуда дар нимсолаи аввали соли равон 371,3 млн. сомониро ташкил дод.

«Аз ин миқдор маблағ 131 млн. сомониашро қарз ва 189 млн. сомониашро бурсҳо ташкил дода, ҳиссаи Тоҷикистон дар ин лоиҳаҳо ба 51,1 млн. сомонӣ баробар аст», – гуфтанд дар Вазорати молия.

Ба иттилои манбаъ, аз маблағи умумии лоҳахо 8,2 млн. сомонӣ ба бахши идоракунии давлатӣ, 300 ҳазор сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 16,1 млн. сомонӣ ба соҳаи маориф, 6,2 млн. сомонӣ ба бахши тандурустӣ, 1,9 млн. сомонӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва 63,1 млн. сомонӣ ба соҳаи хоҷагии коммуналӣ равона шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.