Филми нави Бахтиёр Худоназаров сазовори ҷоизаи ҷашнвораи Шукшин шуд

Филми нави коргардони машҳур Бахтиёр Худоназаров «Дар интизори баҳр» сазовори ҷоизаи асосии ҷашнвораи Василий Шукшин шуд. Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , офаридаи тозаи коргардони маъруф Бахтиёр Худойназаров дар миёни наздик ба 50 филм дар ҷашнвораи Шукшин дар Кишвари Олтой пирӯз омад. Ин филм тавлиди муштараки Русия, Қазоқистон, Олмон, Фаронса ва Белгия […]



Филми нави коргардони машҳур Бахтиёр Худоназаров «Дар интизори баҳр» сазовори ҷоизаи асосии ҷашнвораи Василий Шукшин шуд.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, офаридаи тозаи коргардони маъруф Бахтиёр Худойназаров дар миёни наздик ба 50 филм дар ҷашнвораи Шукшин дар Кишвари Олтой пирӯз омад. Ин филм тавлиди муштараки Русия, Қазоқистон, Олмон, Фаронса ва Белгия буда, ба фоҷиаи зистмуҳитии Арал бахшида шудааст. Ҷойи дувум ба филми беларусии «Ба-Бу» ва савум ба филми «Ба ман дахл надорад»-и тавлиди Русия дода шуд. Ҷоизаи вижаи ҷашнвораро ҳунарпешаи синамо Сергей Безруков барои нақшаш дар филъми «Тилло» гирифт.

Филми «Дар интизори баҳр», ки аз 17-уми октябр дар кинотеатрҳои  Русия ба намоиш даромад, достони нохудо ё капитани киштиест, ки дар баҳри Арал бо моҳидорӣ рӯз мегузаронд ва боре дар тӯфони сахт киштиаш ҳамроҳ бо маҳбубаи ӯ ва ҳамаи маллоҳонаш ғарқ шуду ӯ зинда монд ва мавҷ вайро ба соҳил афканд. Мақомот ӯро, ки Марат ном дорад, барои хунукназарӣ ба вазифааш зиндонӣ карданд. Вақте ӯ озод шудаву баргашт, дид, ки аз баҳр асаре нест ва колбади киштии ӯ дар миёни реги биёбон хобидааст. Талошҳои Марат баҳри кашондани киштиаш то лаби оби баҳр сюжаи асосии филм аст. Нақши қаҳрамони асосӣ Маратро ҳунарманди шинохтаи рус Егор Бероев бозидааст.

Дар ин филм ҳамчунин ҳунарманди тоҷик Раҷаб Ҳусейнов низ нақш бозида, яке аз продюсерони филм, корманди собиқи «Тоҷикфилм» Рушд Рушдов аст.

Филми «Дар интизори баҳр» асари шашуми  Бахтиёр Худоназаров аст. Худоназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Братан», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худоназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалӣ гирифтааст. Худоназаров соли 1965 дар Душанбе таваллуд шуда, ҳоло дар Маскаву Берлин зиндагӣ ва фаъолият мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷасади раиси шӯрои маҳаллаи як деҳаро дар Суғд “аз саҳро” пайдо кардаанд

Сокинони деҳаи Метки ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич мегӯянд, ҷасади Охун Раҷабови 65-сола, раиси шӯрои маҳаллаи ин деҳа аз саҳро ёфта шудааст. Мақомот тафтиши ин...

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.