Мушкилоти истифодаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Тоҷикистон мушкилоти касбӣ ва созгор омада натавонистан аст, – назари олими соҳа

Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири лабораторияи пажӯҳишгоҳи гидроэнергетика ва экологияи Академияи улуми Тоҷикистон Георгий Петров изҳор дошт, ки феълан минтақаи шимоли кишвар аз норасоии об танқисӣ мекашад, ҳарчанд дар рӯдхонаи Сир сатҳи об мисли солҳои пешин аст. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат ба он марбут аст, ки миёни Қирғизистону Ӯзбекистон бобати истифодаи об […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири лабораторияи пажӯҳишгоҳи гидроэнергетика ва экологияи Академияи улуми Тоҷикистон Георгий Петров изҳор дошт, ки феълан минтақаи шимоли кишвар аз норасоии об танқисӣ мекашад, ҳарчанд дар рӯдхонаи Сир сатҳи об мисли солҳои пешин аст.






Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат ба он марбут аст, ки миёни Қирғизистону Ӯзбекистон бобати истифодаи об тавофуқ ҳосил нашудааст ва Қирғизистон дар болооби рӯдхонаҳо обро аз маҷрои умумӣ ба ҷои дигар равона мекунад.





«Тоҷикистон аз ин масъала канор аст, вале мутаассифона, шахсони мутасаддии гуфтушунидҳо натавонистанд инро собит созанд, – гуфт ӯ. – Гузашта аз ин, онҳо ҳатто чунин масъалагузорӣ карда натавонистанд».





Г.Петров зикр кард, ки акнун обро на танҳо аз Ӯзбекистн, балки аз Тоҷикистон ҳам гирифта истодаанд.





Перомуни масъалаи истифодаи обҳои фаромарзӣ Г.Петров изҳор намуд, ки дар маҷмӯъ, «ҳар кишвар мувофиқи салоҳдиди худ аз он истифода бурда метавонад, вале зимни рушди ягон чизе ё соҳае бо истифода аз он бояд манфиатҳои кишварҳои ҳамҷаворро низ ба назар гирад».





«Дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ низ ҳолат чунин аст: Тоҷикистон ягона кишварест, ки тавонистааст бо Қазоқистону Ӯзбекистон оид ба хизматрасониҳо ба қарордоде ояд ва ҳамчунин бо пардохт тавассути интиқоли нерӯи барқ низ», – идома дод ӯ.





«Мушкилоти обҳои фаромарзӣ дар Тоҷикистон мушкилоти касбӣ ва созгор омада натавонистан аст», – афзуд олим.






 


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.