Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад; – Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ барои вохӯрии навбатӣ ба Душанбе меоянд; – Соати 09:00 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад; […]

ASIA-Plus



Анонс

– Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;

– Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ барои вохӯрии навбатӣ ба Душанбе меоянд;

– Соати 09:00 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад;

– Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Зимни нишасти хабарӣ дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ аз фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ карда мешавад. Оғоз соати 11-00;

– Нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал. Оғоз соати 09:00 дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ;

– Соати 14-00 дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ баргузор мешавад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9595

сомонӣ;


1

евро –

6.6546

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1409

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1940

– Комбинати гӯшти шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.


1913

– Зодрӯзи рассоми шӯравӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Евдокия Носик.


1933-1999

– Мавлуди академик Ҳабибулло Саидмуродов.


1936

– Зодрӯзи шоир ва журналист Усмон Олим.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +15+20, рӯзона +29+34;  дар шарқи вилоят шабона +3+8, рӯзона +18+23.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.