Дар Тоҷикистон кишти пахта метавонад аз ғизодиҳӣ бо нуриҳо маҳрум гардад, – назари муовини вазири кишоварзӣ

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Баҳори имсола ва хушксолӣ ба сабзиши мууофиқи меъёри кишти пахта мусоидат накард», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии ҶТ Маҳмуд Қодиров.   Ба гуфтаи ӯ, сабзиши мувофиқи меъёри ниҳоли пахта то санаи 16-уми июли соли равон дар майдони 209 ҳазору 270 гектар (88 фоиз) таъмин шудааст. […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Баҳори имсола ва хушксолӣ ба сабзиши мууофиқи меъёри кишти пахта мусоидат накард», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии ҶТ Маҳмуд Қодиров.







 

Ба гуфтаи ӯ, сабзиши мувофиқи меъёри ниҳоли пахта то санаи 16-уми июли соли равон дар майдони 209 ҳазору


270 гектар

(88 фоиз) таъмин шудааст. Дар вилояти Суғд он дар майдони 65,5 фоиз, Хатлон 96,7 фоиз ва ноҳияҳои тобеи марказ 100 фоиз мувофиқи меъёр сабзидааст. «Деҳқонон соли равон ният доранд, дар майдони 253 ҳазору

752 гектар

кишти пахта гузаронанд, вале ҳамагӣ дар майдони 238 ҳазору

343 гектар

кишт гузаронида шуд», – баён дошт вай.





«Дар вилояти Суғд, ки 70 фоизи заминҳо ба таври сунъӣ обёрӣ карда мешаванд, вазъ аз ҳама бештар ногувор аст, – идома дод ӯ. – Ба иллати саривақт омода насохтани пойгоҳҳои обкашӣ ба миқдори 220 млн. метри мукааб камшавии оби обанбори Қайроққум обмонии пахтазорҳо ба муддати тӯлонӣ кашол ёфт».





Илова бар ин, муовини вазир хабар дод, ки барои ғизодиҳӣ бо нурӣ соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 250 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст, вале корхонаи «Тоҷиказот» ҳамагӣ 54 ҳазору 658 тонна нурӣ овардааст.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.