Эпидемиологони Кӯлоб бо гӯштфурӯшон ҷанг эълом дошта, се дӯкони гӯштфурӯширо бастанд

Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази назорати давлатии вогириву беҳдошти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб аз 15 дӯкони гӯштфурӯшӣ 3-тоашро баст. Сардухтури давлатии назорати беҳдошти минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо ба иллати риоя накардани талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, мавҷуд набудани яхдонҳо, ки дар фасли […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази назорати давлатии вогириву беҳдошти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб аз 15 дӯкони гӯштфурӯшӣ 3-тоашро баст.






Сардухтури давлатии назорати беҳдошти минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо ба иллати риоя накардани талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, мавҷуд набудани яхдонҳо, ки дар фасли гармо яке аз талаботи асосӣ шуморида мешаванд, баста шудаанд.





«Нархи гӯшт хеле қимат аст ва рӯзона на ҳама вақт пурра фурӯхта мешавад ва муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани он дар гармӣ қатъиян манъ карда шудааст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки санҷиши дӯконҳои гӯшт дар ҳамаи 10 ноҳияи минтақа оғоз гардидааст ва мунтазам идома хоҳад ёфт.





«Се нафар соҳибони дӯконҳои басташудаи бозори «Саховат» ҳамчунин барои иҷро накардани нишондоди эпидемиологон ба андозаи 180 сомонӣ ҳар яке ҷарима баста шудаанд», – гуфт дар анҷом М.Давлатов.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.