Обхезӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад, – раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ мувофиқи меъёр аст ва ба Тоҷикистон обхезӣ таҳдид намекунад», – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов. Ба қавли ӯ, ҳарчанд зимистона имсола сербориш омада бошад ҳам, хушксолии фасли баҳор эҳтимолияти обхезиҳоро бартараф […]

Далери Ғуфрон



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ мувофиқи меъёр аст ва ба Тоҷикистон обхезӣ таҳдид намекунад», – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов.






Ба қавли ӯ, ҳарчанд зимистона имсола сербориш омада бошад ҳам, хушксолии фасли баҳор эҳтимолияти обхезиҳоро бартараф сохт. «Мо ҳамарӯза мониторинги сатҳи оби рӯдхонаҳои кишварро мегузаронем ва ҳеҷ таҳдиди офатҳои табииро мушоҳида намекунем», – гуфт вай.





Дар шарҳи масъалаи сатҳи оби обанбори Норак роҳбари кумита чунин изҳори назар кард, ки он дар сатҳи миёнаи чандинсола қарор дорад ва чун анъана охирҳои моҳи август ё аввалҳои моҳи сентябр то ҳадди ниҳоӣ пур мешавад. «Истифодаи минбаъдаи оби он ба мо вобаста аст», – гуфт Ҳ.Латифов.





Ӯ аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ҳангоми оббозӣ дар наҳру кӯлҳо ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд. «Ҳамасола танҳо дар шаҳри Душанбе 60 нафар ғарқ мешаванд, – идома дод вай. – Аз хотир набояд фаромӯш сохт, ки дарёҳои Тоҷикистон аксаран кӯҳианду об дар он хеле босуръат ҷорӣ мешавад, аммо кумитаи мо танҳо чаҳор сарулибоси наҷотдиҳии ғарқшудагонро дорост, ки он ҳам танҳо дар рӯдхонаҳои ҷараёни обаш ором истифода бурда мешавад».





Дар анҷом Ҳ.Латифов иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар наҳру кӯлҳои ҷумҳурӣ 33 нафар ғарқ шудаанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.