Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Чкаловск

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд содир гардидани 223 ҷиноят дар шаҳр ва ҷамоати Палос ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти ҳукумати шаҳри Чкаловск, сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо дар ин давра 92,9%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% зиёдтар аст. Ба иттилои манбаъ, тӯли […]

Баҳром Файзуллоев



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд содир гардидани 223 ҷиноят дар шаҳр ва ҷамоати Палос ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти ҳукумати шаҳри Чкаловск, сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо дар ин давра 92,9%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, тӯли 6 моҳ аз ҳама бештар далели дуздӣ – 34 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат зиёдтар мебошад.

«Содир шудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ нисбатан камтар шуда, агар нимсолаи аввали соли гузашта 20 далели қаллобӣ, 9 далели авбошӣ ва 5 далели ғоратгарӣ ба қайд гирифта шуда бошад, соли равон ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 7 далели қаллобӣ, 7 далели авбошӣ ва 1 ҳолати ғоратгарро ташкил медиҳанд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.