Лавров: Дарҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои Тоҷикистон боз аст

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, изҳор намуд, ки дарҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷиҳати узвият барои дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон боз аст. Ӯ қайд кард, ки ояндаи наздик Арманистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гардида, бо Қирғизистон дар ин самт гуфтушунидҳо ҷараён доранд. […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, изҳор намуд, ки дарҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷиҳати узвият барои дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон боз аст.

Ӯ қайд кард, ки ояндаи наздик Арманистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гардида, бо Қирғизистон дар ин самт гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Ҳамроҳшавӣ ба ҷараёни ҳамгиройӣ ба таҳкими афзалияти рақобатпазирии кишварҳои узви Иттиҳод шароити мусоид фароҳам оварда, ба рушди иқтисоди кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад», – иброз дошт Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид намуд, ки таҳкими робитаҳо бо шарикон аз кишварҳои ИДМ самти калидии стратегии сиёсати хориҷии Русия барои давраи дарозмуҳлат маҳсуб меёбад.

Ёдрас мекунем, ки 29-уми майи соли равон Русия , Беларус ва Қазоқистон дар шаҳри Остона шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба имзо расониданд, ки аз 1-уми январи соли 2015 мавриди амал қарор мегирад. Таъсиси Иттиҳоди мазкур барои ба сатҳи бештар баландтари ҳамгиройӣ баромадани кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ мусоидат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.