«ТАЛКО» маълумоти «Барқи тоҷик» оид ба қарзашро рад мекунад

Дар робита ба маълумоти интишоргардида дар чанде аз ВАО-и миллӣ бо истинод ба ширкати «Барқи тоҷик» оид ба қарздор будани «ТАЛКО» ба ширкат дар ҳаҷми ҳудуди 250 млн. сомонӣ, роҳбари департаменти иттилооти КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) Игор Сатторов изҳор намуд, ки ин маълумот ҳолати воқеъӣ дар ҳисобу китоб миёни корхона ва ширкатро таҷассум намекунад. […]



Дар робита ба маълумоти интишоргардида дар чанде аз ВАО-и миллӣ бо истинод ба ширкати «Барқи тоҷик» оид ба қарздор будани «ТАЛКО» ба ширкат дар ҳаҷми ҳудуди 250 млн. сомонӣ, роҳбари департаменти иттилооти КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) Игор Сатторов изҳор намуд, ки ин маълумот ҳолати воқеъӣ дар ҳисобу китоб миёни корхона ва ширкатро таҷассум намекунад.

Аз ҷумла, Сатторов ишора дорад, ки бар асоси ҳисоббаробаркуниҳо, корхона ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба маблағи ҳудуди 90 млн. сомонӣ бо мазут таъмин намуда, дар ҳаҷми 9 млн. сомонӣ корҳои насби генераторҳои газ дар дегхонаи шарқии шаҳри Душанберо ба иҷро расонидааст ва ҳамчунин дар ин ҳисобу китоб маблағи қарзи энергетикҳо ба корхонаи «Ноқили ТАЛКО» дар ҳаҷми наздики 30 млн. сомонӣ ба инобат гирифта нашудааст, ки ҳамаи ин аллакай қариб 130 млн. сомонӣ камтар аз маблағи зикршудаи ширкати «Барқи тоҷик» мебошад.

Сатторов хотиррасон менамояд, ки мутобиқи қарори ҳукумат аз моҳи марти соли 2013, барои истихроҷи ангишти хушсифат дар кони «Фон Яғноб» ба «ТАЛКО» ду қитъа – «Ҷиҷикрӯд» ва «Конте» ҷудо гардида, дар ин робита корхона уҳдадор аст, ки дар як сол ширкати «Барқи тоҷик»-ро бо 150 ҳазор тонна ангишт таъмин намояд, ки аллакай 5 ҳазор тонна ангишт ба ширкат фиристода шуда, 60 ҳазор тоннаи дигар барои кашонидан омода шудаанд ва инро ҳам ширкат бояд ба эътибор гирад.

Роҳбари департаменти иттилооти КВД «Ширкати алюминии тоҷик» илова мекунад, ки «ТАЛКО» барои дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат пардохт кардани қарз ба ширкати «Барқи тоҷик» ҳам тариқи пардохти мустақим ва ҳам таъминот бо маҳсулот тибқи уҳдадориҳои давлатӣ аз тамоми имконот бархӯрдор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.