Як зан бо номи Отифеҳ Пичанд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон асту зери ҳимояти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон қарор дорад, санаи 21-уми июли соли равон дар изҳороташ ба унвони Прокуратураи генералӣ дар бораи таҷовуз ба номусаш аз ҷониби корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот дод.
Изҳорот ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ирсол шудааст. «Ӯ санаи 10.02.2014 сол маро зӯран маро ба автомашинаи рақами 55 00 АМ 01 савор карда, ба кабинети кории худ овард ва дар ҳамон ҷо нисбати ман амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир намуд», – зикр мегардад дар изҳорот, ки нусхаи он ба «Азия-Плюс» дастрас гардид.
Ҷабрдида Отифеҳ Пичанд ҳамчунин қайд мекунад, ки то баргузории вохӯрии президент бо кормнадони прокуратура санаи 10-уми июли соли ҷорӣ, ба волоияти қонун дар Тоҷикистон бовар надоштааст. «Аммо баъди вохӯрии президент ман бовар дорам, ки дигар ҳеҷ касе чунин афродро дастгирӣ нахоҳад кард», – гуфта мешавад дар изҳорот.
Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар ин робита ба журналистон иттилоъ дод, ки изҳороти мазкур қабул шуда, айни замон оид ба ин далел чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд.


