Оғози мурофиаи баррасии парвандаи Шуҳрат Қудратов

Date:



Дар суди шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини судӣ оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки Агентии зиздифасод ӯро дар додани пора муттаҳам медонад, оғоз гардид.

Раҳматилло Зойиров, адвокати боздоштшуд Шурат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда, ки ӯ бо дархости мавқуф гузоштани оғоз мурофиаи судӣ то соати 14-99 ба суд муроҷит намудааст, то ки барои шинос шудани бо маводи парванда фурсат ёбад.

«Маро огоҳ карданд, ки имрӯз мурофиаи нахустин аз рӯи парвандаи зерҳимояи ман доир мегардад, вале маводи паврандаро пешакӣ ба ман ндоданд, то ки ман бо онҳо шинос шавам, – гуфт ӯ ва илова намуд, ки айни замон ӯ машғули омӯзиши маводи парвнада аст.

Раёсатро дар мурофиаи мазкур судя Одинаев ба уҳда дошта, дархости Зойировро қонеъ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл 

маълумоти расмӣ 

интишор намуд.

Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро 

шахсан ҳимоят мекунад

. Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ 

изҳор намуд,

 ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.

Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов 

изҳорот пахш намуда,

 аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.

Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов

шубҳа надорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...