Тафтиши қазияи қатли ду сокини Хоруғ зери назорати вазири корҳои дохилӣ

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода ҷараёни тафтиши қатли ду сокини шаҳри Хоруғ Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдиловро шахсан зери назорат гирифт. Ҷасадҳои онҳо бо ҷароҳатҳо аз тири силоҳи оташфишон дар мавзеи Наводаки наздик ба шаҳри Хоруғ дар дохили автомашинаи сиёҳшишаи тамғаи «Мерседес бенс-600» дарёфт шуда буданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД […]



Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода ҷараёни тафтиши

қатли ду сокини шаҳри Хоруғ

Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдиловро шахсан зери назорат гирифт.

Ҷасадҳои онҳо бо ҷароҳатҳо аз тири силоҳи оташфишон дар мавзеи Наводаки наздик ба шаҳри Хоруғ дар дохили автомашинаи сиёҳшишаи тамғаи «Мерседес бенс-600» дарёфт шуда буданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо супориши вазири корҳои дохилӣ ба ҷойи ҳодиса ва барои бурдани корҳои тафтишотӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутахассисони Раёсати экспертӣ-криминалистӣ ва тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шудаанд.

Гуфта мешавад, ба ҷойи ҳодиса муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, прокурори ВМКБ мушовири адлияи дараҷаи 1 Муҳаммад Арбобов, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Қиёмиддин Низомиддинов ва дигар мутахассисони РВКД дар ВМКБ рафта, ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронидаанд.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.