Дастрасӣ ба YouTube дар Тоҷикистон барқарор шуд

Шоми рӯзи 7-уми август чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги писандидаи YouTube-ро барқарор намуданд. Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 18-уми июл тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассникиро дар Тоҷикистон  қатъ намуданд , аммо то ҳанӯз на ин ширкатҳову на Хадамоти алоқа масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтаанд. […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 7-уми август чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги писандидаи YouTube-ро барқарор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 18-уми июл тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассникиро дар Тоҷикистон 

қатъ намуданд

, аммо то ҳанӯз на ин ширкатҳову на Хадамоти алоқа масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтаанд.

Қаблан раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Асоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки сабаби қатъи дастрасӣ шояд видеороликҳое бошанд, ки як зан додарарӯси сарвари давлатро ба таҷовуз ба номуси духтараш гунаҳкор мекунад. Ҳамчунин ба андешаи ӯ, дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» идеологияи гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро, аз ҷумла «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-и ҷанганда дар Сурия фаъолона тарғиб мешавад, ки шояд ин ҳам сабаби баста шудани ин шабакаҳо бошад.

Аммо намояндагони Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми июли соли равон  изҳор намуданд, ки қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассники ба

мушкилоти техникӣ

вобаста аст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи ҶТ, айни замон шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш ба 8 млн. нафар баробар аст,  3,8 млн. нафарро ташкил медиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.