Ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 600-солагии классики адабиёти тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ҲХДТ ба баргузории як силисила чорабиниҳо дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон оғоз намуд.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл бо иштироки муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ва мудири иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷомӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоири машҳури тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ конфронси илмӣ доир гардид.
«Дар кори конфронс адибону шоирони шинохтаи кишвар, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аҳли ҷомеа ширкат варзида, дар маркази ноҳия бо мусоидати бахши ҲХДТ корхонаи хурди ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор гирифт», – иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки шомгоҳон дар боғи фарҳангу истироҳати ноҳияи Ҷомӣ шоми наср, намоишгоҳи дастовардҳои ноҳия баргузор шуда, имрӯз низ чорабиниҳои аз ҷониби ҳизб ташкилшуда идома меёбанд.







