Гузаштҳои ҳамдигарии роҳиоҳанчиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Раҳбарияти ширкати давлатии «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» ба қабули пешниҳоди роҳиоаҳанчиёни тоҷик оид ба коҳиши тарифҳо ба ҳамлу нақли транзитии бору маҳсулот омода аст. Ёвари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Анвар Латифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали соли ҷорӣ онҳо якҷониба ба роҳиоҳанчиёни ӯзбек коҳиши тарифҳо ба боркашонии транзитӣ ба баъзе маҳсулот […]

Пайрав Чоршанбиев



Раҳбарияти ширкати давлатии «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» ба қабули пешниҳоди роҳиоаҳанчиёни тоҷик оид ба коҳиши тарифҳо ба ҳамлу нақли транзитии бору маҳсулот омода аст.

Ёвари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Анвар Латифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали соли ҷорӣ онҳо якҷониба ба роҳиоҳанчиёни ӯзбек коҳиши тарифҳо ба боркашонии транзитӣ ба баъзе маҳсулот ба андозаи 30-50%-ро пешниҳод намудаанд.

«Мо ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ муроҷиат кардем, ки чунуин амал аз ҷониби онҳо низ пеш гирифта шавад. Айни замон ин масъала дар сатҳи ҳукумати Ӯзбекистон баррасӣ мешавад ва агар ҳукумат онро маъқул шуморад, роҳиоҳанчиёни ӯзбек ба қабули пешниҳодҳои мо омодаанд», – иброз дошт А.Латифов.

Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати фаъолияти боркашонӣ ва тиҷоратии ширкати давлатии «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» Ӯткур Остонов ба нашрияи

«Гудок»

-и роҳиоаҳанчиёни Русия ироаи пешниҳод аз ҷониби роҳиоҳанчиёни тоҷитро тасдиқ намуда, зикр кардааст, ки раёсати корхона ба омӯзишу баррасӣ ва ҳаллу фасли онҳо машғул аст.

«Пешниҳодҳо натанҳо ба тарифҳо, балки ба хатсайрҳо ҳам рабт доранд. Дар бораи роҳандозии хатти нав барои боркашонии транзитии Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон тасмим гирифта шуд. Дар робита ба коҳиши тарифҳо то ҳол қарори ниҳоӣ қабул нашудааст», – қайд кардааст Остонов.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли ҷорӣ раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳор намуда буд, ки

мушкилоти қаблан ҷойдоштаи корхона

бо Ӯзбекистон имрӯз вуҷуд надоранд ва қатораҳои Тоҷикистон бидуни монеъа қаламрави кишвари ҳамсояро убур мекунанд. «Имрӯз тамоми масъалаҳои пайдошуда миёни роҳиоҳанчиёни ду кишвар тариқи як занги телефонӣ ҳаллу фасл мешавад», – гуфта буд муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зимни нишасти хабарӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.