Раҳбарияти ширкати давлатии «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» ба қабули пешниҳоди роҳиоаҳанчиёни тоҷик оид ба коҳиши тарифҳо ба ҳамлу нақли транзитии бору маҳсулот омода аст.
Ёвари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Анвар Латифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали соли ҷорӣ онҳо якҷониба ба роҳиоҳанчиёни ӯзбек коҳиши тарифҳо ба боркашонии транзитӣ ба баъзе маҳсулот ба андозаи 30-50%-ро пешниҳод намудаанд.
«Мо ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ муроҷиат кардем, ки чунуин амал аз ҷониби онҳо низ пеш гирифта шавад. Айни замон ин масъала дар сатҳи ҳукумати Ӯзбекистон баррасӣ мешавад ва агар ҳукумат онро маъқул шуморад, роҳиоҳанчиёни ӯзбек ба қабули пешниҳодҳои мо омодаанд», – иброз дошт А.Латифов.
Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати фаъолияти боркашонӣ ва тиҷоратии ширкати давлатии «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» Ӯткур Остонов ба нашрияи
«Гудок»
-и роҳиоаҳанчиёни Русия ироаи пешниҳод аз ҷониби роҳиоҳанчиёни тоҷитро тасдиқ намуда, зикр кардааст, ки раёсати корхона ба омӯзишу баррасӣ ва ҳаллу фасли онҳо машғул аст.
«Пешниҳодҳо натанҳо ба тарифҳо, балки ба хатсайрҳо ҳам рабт доранд. Дар бораи роҳандозии хатти нав барои боркашонии транзитии Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон тасмим гирифта шуд. Дар робита ба коҳиши тарифҳо то ҳол қарори ниҳоӣ қабул нашудааст», – қайд кардааст Остонов.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли ҷорӣ раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳор намуда буд, ки
мушкилоти қаблан ҷойдоштаи корхона
бо Ӯзбекистон имрӯз вуҷуд надоранд ва қатораҳои Тоҷикистон бидуни монеъа қаламрави кишвари ҳамсояро убур мекунанд. «Имрӯз тамоми масъалаҳои пайдошуда миёни роҳиоҳанчиёни ду кишвар тариқи як занги телефонӣ ҳаллу фасл мешавад», – гуфта буд муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зимни нишасти хабарӣ.







