Сохтмони варзишгоҳ дар ҷойи бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода

Бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки қаблан ба оилаи пешвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мутааллиқ буд, кӯчонида шуда, дар ҷойи ӯ маҷмааи варзишӣ сохта мешавад. Дар ин бора санаи 5-уми август раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода фармон ба имзо расонидааст, ки нусхаи онро «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад. Дар фармон қайд мешавад, ки бозори «Саховат» […]

Мавзуна Абдуллоева



Бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки қаблан ба оилаи пешвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мутааллиқ буд, кӯчонида шуда, дар ҷойи ӯ маҷмааи варзишӣ сохта мешавад. Дар ин бора санаи 5-уми август раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода фармон ба имзо расонидааст, ки нусхаи онро «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад.

Дар фармон қайд мешавад, ки бозори «Саховат» ба тавозуни ҳукуматдорони шаҳри Турсунзода гузаронида шудааст. «То ҷудо шудани қитъаи замин барои сохтмони бозори нав, мураббии шуъбаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Муҳаммад Боқиев мувақкатан иҷрокунандаи вазифаи директори бозор таъин мешавад», – гуфта мешавад дар фармон.

Ҳамчунин дар фармони мазкур зикр мегардад, ки дар ҷойи бозор чун пештара варзишгоҳ сохта мешавад.

Аммо собиқ директори бозори «Саховат» Ҷамшед Нарзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо аз болои ҳукумати шаҳри Турсунзода ба суд шикоят бурданианд, зеро ҳукуматдорон худсарона директори нави бозорро таъин кардаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки амволи он то ҳанӯз ба оилаи Кабирӣ тааллуқ дорад.

«Суд қитъаи замини моро мусодира намуд, вале худи бозор бо тамоми амволаш ба мо тааллуқ дошта, вақте дар ин қитъаи замин ба маблағи 3 млн. сомонӣ амволи мо мавҷуд аст, чӣ гуна директор ва сармуҳосиби бозор каси дигар мешудааст?», – мегӯяд Ҷамшед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.