Ҳукм ба фелдшери сарбозро латукӯбкарда бетағйир боқӣ гузошта шуд

Коллегияи ҳарбии Суди олӣ ҳукми содиршуда ба фелдшер Усмон Ғайратовро, ки сарбоз Шаҳбол Мирзоевро мавриди тату кӯб қарор дода буд, бетағйир боқӣ гузошт. Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратовро, ки дар маҷрӯҳ кардани сарбоз Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста шуд, ба 9 соли зиндони низомаш […]

Мавзуна Абдуллоева



Коллегияи ҳарбии Суди олӣ ҳукми содиршуда ба фелдшер Усмон Ғайратовро, ки сарбоз Шаҳбол Мирзоевро мавриди тату кӯб қарор дода буд, бетағйир боқӣ гузошт.

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратовро, ки дар маҷрӯҳ кардани сарбоз Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста шуд,

ба 9 соли зиндони

низомаш шадид маҳкум кард. Ғайр аз ин, маҳкумшуда ба пардохти 8 ҳазор сомонӣ ба манфиати давлат низ уҳдадор карда шуд.

Абдулмаҷид Ризоев, адвокати сарбози латукӯбшуда, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки адвокатҳои Ғайратов аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ бурдаанд ва коллегияи ҳарбии Суди олӣ шикояти онҳоро рад намудааст.

Дар баробари Усмон Ғайратов фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова, ки тибқи моддаҳои 392 (Муносибати хунукназарона  ба хизмат) ва 380 (Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуд, ба пардохти 15%-и маблағи музди меҳнаташ дар зарфи 1,5 сол ба фоидаи давлат уҳдадор гардид.

Дар яке аз мурофиаи судии қаблӣ хизматчии ҳарбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмон Ғайратов

 пурра ба гуноҳаш иқрор шуда

, барои кирдори содиркардааш аз падару модари Шаҳбол узр пурсид.

Дар сухани ниҳоии худ Усмон ғайратов изҳор намуд, ки худро аз рӯи тамоми айбномахои пешниҳодшуда гунаҳкор мешуморад. «Умедворам, ки Шаҳбол табобат ёфта, аз беморхона рухсатӣ мешавад. Аз суд дархост мекунам, ки зимни содир кардани ҳукм ҷавонии ман ва такягоҳи падару модарам будани маро ба инобат гиранд. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш мекунам, ки дар доираи қонун ҳукми начандон вазнин содир карда шавад», – гуфт судшаванда.

Рӯзи 16-уми июн муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе Дилшод Исломов, ки ба ҳайси айбдоркунанда дар суд оид ба парвандаи лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ифои вазифа мекунад, аз суд дархост намуд, ки айбдоршаванда – фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ба 

10 соли зиндони низомаш шадид

 маҳкум шуда, ҳамчунин аз ӯ ба фоидаи даъвогар дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб (12 ҳазор сомонӣ) товони зарар ҷуброн карда шавад.

Усмон Ғайратов дар содир намудани ҷингят мутобиқи моддаҳои  373, қ. 2, б. «п» (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 127, қ. 1 (Дар хатар монондан)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Ярлин Ҷавлон, ҳамхизмати Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 9-уми июн зимни баёнот додан дар суд ба сифати шоҳид далели лату кӯби сарбоз аз ҷониби фелдшер Усмон Ғайратовро

 тасдиқ кард.

 Дар ҷараёни ин мурофиа Ғайратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуда изҳор кард, ки «ман Шаҳболро лату кӯб накардаам, танҳо ӯро ба гӯштигирӣ даъват намудам».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.