Соли равон пахтакорони Суғд беш аз 115 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд

Соли равон аз майдони умумии 51 ҳазору 883 гектар кишти пахта кишоварзони вилояти Суғд беш аз 115 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд. Муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Мирзоанвар Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 57,5 ҳазор гекар кишт шуда, 107 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ […]

Мавлуда Рафиева



Соли равон аз майдони умумии 51 ҳазору 883 гектар кишти пахта кишоварзони вилояти Суғд беш аз 115 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд.

Муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Мирзоанвар Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 57,5 ҳазор гекар кишт шуда, 107 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Аҳмедов таъкид дошт, ки афзоиши ҳосили пахта аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии он дар назар дошта шудааст. «Мо ба хоҷагиҳову кишоварзони пахтакор пешниҳод кардем, ки дар на камтар аз 50%-и заминҳои обёришавандаашон пунбадона ва дар боқимондааш дигар зироати кишоварзиро кишт кунанд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 54 ҳазор хоҷагиҳои деҳқониву оилавӣ фаъолият доранд, ки барои барои кишт дар қитъаҳои замини худ мустақилона навъҳои зироатро интихоб мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.