Иштироки президент дар маросими ифтитоҳи ду корхонаи саноатӣ дар Хуҷанд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, имрӯз ба фаъолияти ду корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз мебахшад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, имрӯз сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи муштараки «ВТ-силк»-и Тоҷикистону Ветнам пас аз таъмиру азнавсозӣ аз наздик ошно гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди […]



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, имрӯз ба фаъолияти ду корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз мебахшад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, имрӯз сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи муштараки «ВТ-силк»-и Тоҷикистону Ветнам пас аз таъмиру азнавсозӣ аз наздик ошно гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави ҶДММ «Нанотех-М» иштирок мекунад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти андози Раёсати андоз дар вилояти Суғд шинос мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони бинои нави ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин карда шудааст.

Бинои нави мактаб дорои 14 синфхона ва 360 ҷойи нишаст буда, дар ду баст 720 нафар хонандаро бо таҳсил фаро мегирад. Дар ин мактаб 45 омӯзгор фаъолият дорад, ки аз он 40 нафар занон ва 22 кас мутахассисони ҷавон мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.