Таъмири яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт бо маблағи 16,7 млн. сомонӣ



Роҳи мошингарди яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт – Исмоили Сомонӣ, ки аввали моҳи август барои таъмир баста шуд, 26-уми август барои ҳаракати нақлиёт боз мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.

«Таъмири асосии роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ аз Кохи президент то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бо масофаи 2,5 километр дар доираи омодагии шаҳр ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ (11-12-уми сентябр) анҷом дода мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ш.Саидов, барои таъмири роҳи мошингарди мазкур аз буҷети шаҳр 16,7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное