Як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон шаби 20 ба 21-уми август аз тарафи шахсони номаълум дар шаҳри Маскав кушта шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» наздикони марҳум хабар доданд, сокини ҷамоати Панҷи ноҳияи Қумсангир Зиёратшо Қурбонов, шаби 20 ба 21-уми август дар манзиле, ки иҷора менишастааст, аз тарафи шахсони номаълум ваҳшиёна кушта шудааст.
«Бино ба маълумотҳои пешакӣ, куштор бо қасди ғорати дороии ин ҷавони тоҷик сурат гирифтаааст. Айни замон пулиси Маскав ба тафтиши ин ҳодиса шурӯъ карда, чандин нафар аз наздикону дӯстони Зиёратшоро ба пурсиш даъват кардааст», – гуфтанд онҳо.
Зимнан зикр гардид, ки наздикони марҳум кӯушиш доранд, ки рӯзҳои наздик ҷасади Зиёратшоҳро ба ноҳияи Қумсангир бирасонанд.



