Президент дар маросими ифтитоҳи маҷмааи «Пойтахт-90»

Сохтмони бинои сеошёнаи маҷмаии савдои «Пойтахт-90»  дар кӯчаи Сурхоб (наздикии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардид. Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе ва паймонкори асосӣ – ҶДММ «Строй комплекс» мебошад. Маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Барои ба сатҳи […]

ASIA-Plus



Сохтмони бинои сеошёнаи маҷмаии савдои «Пойтахт-90»  дар кӯчаи Сурхоб (наздикии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардид. Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе ва паймонкори асосӣ – ҶДММ «Строй комплекс» мебошад. Маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Барои ба сатҳи байнулмилалӣ ҷавобгӯ будани иншоот аз Туркия низоми ҳавософкуниву масолеҳи сохтмон, мебелу шишгаҳои бузургҳаҷм, аз Чин қандилҳои қариб думетраву навъҳои гуногуни сангҳои ороишӣ, аз Русия сохтори металлӣ барои боми иншоот ва дигар масолеҳу сохтмону лавозимот аз дигар кишварҳои хориҷӣ низ харидорӣ шуда, аз корхонаҳои дохили кишвар низ чанде аз масолеҳи сохтмон истифода шудаанд.

Ғайр аз ин, бинои иншоот бо ҳунари наққошӣ ва ороишоти миллии ҳунармандони тоҷик зебу оро дода шудааст. Боми иншоот бо шакли гумбази секунҷа пурра из шишаи тафсондашуда иборат хоҳад буд, ки аз Туркия оварда шудааст.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти гуногун дар пойтахти кишвар низ ширкат варзид.

Нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи маҷмааи корхонаҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ки аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи автомобилӣ, чопхонаи бисёр муосиру муҷаҳҳаз ва дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ иборат аст.

Ҷамъияти «Фароз» барои бунёди маҷмаа беш аз 100 миллион сомонӣ хароҷот намуда, коргоҳҳоро бо навтарин таҷҳизоти техникӣ таъмин кардааст, ки ҷиҳати ба мизоҷон расонидани хизмати босифату муосир дорои тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ мебошанд.

Аксҳои ҳузури сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи ин иншоот тариқи сомонаи интернетии



қобили дарёфт аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.