Баста шудани дафтари кории бахши ҲНИТ дар Мастчоҳ

Date:



Дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо супориши прокурори ин ноҳия баста шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, қароргоҳи бахши ноҳияии ҳизб дар Масчоҳ ба соҳиби қаблии ин бино, Исматуллоҳ Боймуллоев бозпас гардонида шудааст.

«Бар асоси риоя нашудани талаботи меъёрҳои қонунгузории кишвар зимни харидани бинои дафтарии кории бахши ҳизб дар ноҳия, прокурор супориш дод, ки бино ба соҳибмулқи қаблӣ баргардонида шавад», – зикр мегардад дар иттилои манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳом Беков прокурори ноҳияро аз иҷрои супориш расман хабар додааст.

«Раёсати бахши ҲНИТ дар ин ноҳия паҳлуҳои қонунии ин амро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулоса расид, ки он моҳиятан дуруст аст ва дар вақти таъинотӣ бояд ин амрро иҷро кард», – қайд мешавад дар хабар.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related