Ҳалокати 5 нафар аъзои як хонаводаи Тоҷикистон дар садамаи нақлиёт дар Псков

Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Пскови Русия 5 нафар аъзои як хонаводаи Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Садама тақрибан соати 9-и субҳи рӯзи 7-уми сентябр дар километри 242-юми роҳи мошингарди Санкт-Петербург – Невел рух додааст. «Тибқи маълуомти пешакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «МАН» бармехӯрад», – иттилоъ […]

Аъзам Аҳруллоев



Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Пскови Русия 5 нафар аъзои як хонаводаи Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Садама тақрибан соати 9-и субҳи рӯзи 7-уми сентябр дар километри 242-юми роҳи мошингарди Санкт-Петербург – Невел рух додааст. «Тибқи маълуомти пешакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «МАН» бармехӯрад», – иттилоъ медиҳад сомонаи Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулдаи Русия дар вилояти Псков.

Гуфта мешавад, дар дохили автомашинаи «БМВ» 5 нафар қарор доштаанд. Дар аввал шахсияти онҳоро муайян карда натавонистаанд. Сипас «Интерфакс» бо истинод ба Раёсати минатқавии ВҲФ Русия иттилоъ дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон – Тоҷибоев Суҳробҷон Юсуфҷонович, Раҳимова Нилуфар Изззатуллоевна, ҳарду 33-сола, Тоҷибоева Арофат Суҳробҷоновнаи 1-сола, Тоҷибоева Меҳрона Суҳробҷоновнаи 3-сола ва Тоҷибоева Шаҳзода Суҳробҷоновани 8-сола мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.