Ба фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 12 сол пур шуд

Аз замони оғози фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 12 сол пур мешавад. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 дар эфир мавҷҳои нахустини он садо доданд. Давоми 12 сол радиои «Азия-Плюс» писанди миллионҳо шунавандагон гардида, диапазони пахши барномаҳои худро то ба минтақаи шимолу ҷануби кишвар густариш дод. Имрӯз аз субҳ дӯстон ва шарикони радиои «Азия-Плюс» ба дафтари кории […]



Аз замони оғози фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 12 сол пур мешавад. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 дар эфир мавҷҳои нахустини он садо доданд. Давоми 12 сол радиои «Азия-Плюс» писанди миллионҳо шунавандагон гардида, диапазони пахши барномаҳои худро то ба минтақаи шимолу ҷануби кишвар густариш дод.

Имрӯз аз субҳ дӯстон ва шарикони радиои «Азия-Плюс» ба дафтари кории радио омада, кормандони онро табрик мегӯянд. Дар барномаҳои имрӯза аллакай табрикоти Парвин Юсуфӣ, гурӯҳи «Авеста» ва дигарон садо доданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2012 пахши барномаҳои радио дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Дар минтақаи ҷануб пахши барномаҳои радио тавассути ҳамон басомади дар пойтахт мавҷуда – 107 FM сурат мегирад.

Аз 14-уми августи соли 2013

дар қаламрави вилояти Суғд пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар диапазони FM дар басомади 104.4 Mhz шурӯъ шуд.

Радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе мебошад. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳои гуногун пахш мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.