Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – То соати 13-00 ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе ташриф овардани сарони кишварҳои узви созмон – Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Алмазбек Атамбоев, Ислом Каримов, Си Ҷинпин ва ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон – президентони Муғулистону Афғонистон, меҳмони махсуси нишаст – президенти Туркманистон дар назар аст. Нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳинлустон […]



Анонс



– То соати 13-00 ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе ташриф овардани сарони кишварҳои узви созмон – Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Алмазбек Атамбоев, Ислом Каримов, Си Ҷинпин ва ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон – президентони Муғулистону Афғонистон, меҳмони махсуси нишаст – президенти Туркманистон дар назар аст. Нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳинлустон низ ба Душанбе меоянд;

– Дар Кохи Борбад ба муносибати оғози кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барномаи консертӣ намоиш дода мешавад, ки дар он беш аз 800 ҳунармандон иштирок мекунанд;

– Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ соати 10-и субҳ бо намояндагони аҳли илми Тоҷикистон мулоқот мекунад. Вохӯрӣ дар Академия илмҳои Тоҷикистон доир мегардад. 



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9840

сомонӣ;


1

евро –

6.4251

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.134


4



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1929

– Ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани Душанбе-Тирмиз оғоз гардид.


1933

– Нахустин корхонаи коркарди металли саноати Тоҷикистон – корхонаи механикии ба номи Орҷоникидзе ба истифода дода шуд.


2001

– Ҳуҷуми террористон ба ИМА. Ин рӯз дар саросари ҷаҳон маҳз бо ин ном – «то» ва «пас аз 11-уми сентябр» ёдоварӣ мешавад.


2012

— Шабакаи телевизионии давлатии «Шабакаи аввал» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз кард.


1911-1997

– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Сотим Улуғзода.


1932

– Мавлуди коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфулло Ҷӯрабоев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +26+31;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +13+18.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.