Эмомалӣ Раҳмон пленуми ҲХДТ-ро мегузаронад

Президенти Тоҷикистон, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми сентябр дар «Кохи ваҳдат» пленуми ҳизби ҳокимро мегузаронад. Тавре як манбаъ аз дафтари марказии кории ҲХДТ хабар дод, дар пленуми Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ масъалаҳои даъвати анҷумани навбатии ҳизб, ки дар он аз фаъолияти муддати 20 соли ҳизб натиҷагирӣ шуда, рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон дар ҳавзаи […]



Президенти Тоҷикистон, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми сентябр дар «Кохи ваҳдат» пленуми ҳизби ҳокимро мегузаронад.

Тавре як манбаъ аз дафтари марказии кории ҲХДТ хабар дод, дар пленуми Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ масъалаҳои даъвати анҷумани навбатии ҳизб, ки дар он аз фаъолияти муддати 20 соли ҳизб натиҷагирӣ шуда, рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тасдиқ мегардад, баррасӣ мешавад. Ғайр аз ин, дар пленум шумораи вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муайян карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 ҲХДТ аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ 28 номзад ва аз ҳавзаҳои якмандати интихоботӣ 41 номзад пешбарӣ карданист.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.