Аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароб 4 сол пур шуд

Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 25 нафар ва тибқи иттилои ғайррасмӣ, на камтар аз 40 тан сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, чор сол пур шуд. Он замон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дода […]

ASIA-Plus



Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 25 нафар ва тибқи иттилои ғайррасмӣ, на камтар аз 40 тан сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, чор сол пур шуд.

Он замон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки дар доираи амалиёти боздошту безарар гардонидани маҳбусони рӯзи 23-юми август аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ фирорнамуда қатори автомашинаҳо бо 75 нафар афсарону сарбозони нерӯҳои ҳукуматӣ ба водии Рашт раҳсипор шуда, дар дараи Камароб мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд.

Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов,  Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.

Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.

Дар муддати якчанд моҳ ба нерӯҳои ҳукумат нобуд сохтани ҷангиёни ҷудогона муяссар шуд ва танҳо аввали соли 2011 Алӣ Бедакӣ бо ҷонибдоронаш ва моҳи апрели ҳамин сол Мулло Абдулло низ кушта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ талафоти ҷонӣ доданд. Баъдтар Мирзохӯҷа Аҳмадов бо 11 нафар ҳаммаслакони худ ихтиёрӣ ба Раёсати ВКД Рашт ҳозир шуда, як миқдор аслиҳаи оташфишони худро таслим  ва ба сафи ҷонибдорони ҳукумат пайвастанд.

То моҳи ноябри соли 2011 нисбати 28 тан аз сокинони водии Рашт, ки дар кумаку мусоидат ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар рӯйдодҳои соли 2010 дар водии Рашт гунаҳкор дониста шуданд, ҳукм содир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...