Суръати бештари корҳои омодагӣ ба ҷашни Ҳисор

Date:



Дар ноҳияи Ҳисор корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор суръати бештар касб мекунанд. Таҷлили ин ҷашн расо баъди як сол – моҳи сентябри соли 2015 доир мегардад.

Бино ба маълумоти расида аз ҳукумати ноҳияи мазкур,  ба ифтихори ҷашни Ҳисор бунёди беш аз 240 иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз 17-тоаш барои истифода омода буда, сохтмони боз 19 иншооти дигар дар арафаи анҷомёбист.

Тибқи маълумот, сохтмони варзишгоҳи марказии Ҳисор бо 20 ҳазор ҷойи нишаст моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардида, феълан бештар аз 60 дарсади корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ ба итмом расидааст. Маҳз дар ҳамин варзишгоҳ чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд.

Зикр гардид, ки ин варзишгоҳи боҳашамат дар масоҳати 20 гектар сохта шуда, барои бунёди он 38 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...