Ба коргари тоҷик дар Маскав ҳайкал мегузоранд

Дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и шаҳри Маскав ҳайкали «Гражданин Таджикистана, укладывающий плитку» (Шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми гузоштани тахтасанг) қомат меафрозад. Дар ин бора хабаргузории Smixer.ru иттилоъ медиҳад. Дар Департаменти осори фарҳангии шаҳр ин қарорро ба хабаргузорӣ чунин манънидод кардаанд, ки ин дархости маскавиҳо оид ба эҳтиром гузоштан нисбати корманди оммавии бахши хоҷагидории шаҳр аст. «Муддати […]

ASIA-Plus



Дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и шаҳри Маскав ҳайкали «Гражданин Таджикистана, укладывающий плитку» (Шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми гузоштани тахтасанг) қомат меафрозад. Дар ин бора хабаргузории


Smixer.ru


иттилоъ медиҳад.

Дар Департаменти осори фарҳангии шаҳр ин қарорро ба хабаргузорӣ чунин манънидод кардаанд, ки ин дархости маскавиҳо оид ба эҳтиром гузоштан нисбати корманди оммавии бахши хоҷагидории шаҳр аст.

«Муддати чандин солҳост, ки коргарони тоҷик дар ободонӣ ва сабзу хуррам гардонидани шаҳри Маскав фаъолона саҳмгузоранд. Онҳо дар сохтмони бинову иншоот ва бахши роҳсозии пойтахт машғули коранд», – иттилоъ дода мешавад бо такя ба Департамент.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати хабаргузорӣ, сокинони шаҳр аз меҳмонони Осиё барои корашон хеле миннатпазиранд ва чанде қабл гурӯҳи ташаббускори сокинони шаҳри Маскав пешниҳод намудаанд, ки ба коргари қатории тоҷик ҳайкал гузошта шавад. «Шаҳр пешниҳоди онҳоро ҷонибдорӣ кард», – хабар додаанд аз Департамент.

Ангора (эскиз)-и ҳайкал аллакай дар Галереяи ҳунари Зураб Серетели таҳия шудааст. Пешбинӣ мегардад, ки дар он коргари дорои симои тоҷикӣ ҳангоми гузоштани тахтасанг ба пиёдараҳа дар шаҳр тасвир меёбад. Гуфта мешавад, ҳайкали биринҷии коргари тоҷик аллакай моҳи ноябри соли равон қомат хоҳад афрохт.

Дар ҳамин ҳол, моҳи феврали соли ҷорӣ дар торнамои даъватҳои ҷамъиятии

Avaaz

барои дар шаҳри Душанбе қомат афрохтани ҳайкали муҳоҷири корӣ ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида буд. Даъвати мазкур ба ҳукумат ва парлумон ирсол мегардад. Он аз номи як шаҳрванди Тоҷикистон Исфандиёр нашр шудааст.

Мақсади худро Исфандиёр бо ин далел шарҳ медихад, ки дар Тоҷикистони муосир маҳз муҳоҷири корӣ аз ҳама бештар ба гузоштани ҳайкал шоиста аст. Ба андешаи ӯ, беш аз миллион нафар муҳоҷирони корӣ дар Русия кор карда, ба аҳли олиаашон маблағи пулӣ мефиристанд, ки ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

«Дигар дар ягон кишвари дунё чунин ҳолат ҷой надорад. Бидуни маблағҳои пулии онҳо миллионҳо нафар дар кишвар гуруснагӣ мекашиданд. Комилан имкон дошт, ки ин ба муташанниҷии вазъи иҷтимоӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳатто ба бетартибиҳо боис мегардид. Маҳз ба туфайли муҳоҷирони корӣ, ки бо хуну арақи ҷабин дар Русия маблағҳои пулӣ кор мекунанд, мо дар ҷомеаи нисбатан орому осуда зиндагӣ дорем», – навиштааст Исфандиёр.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Русия каме бештар аз 800 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик қарор доранд, аммо мувофиқи омори расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳудуди 1,5 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.