Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Бозиҳои осиёӣ

Date:



Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Голи ягонаро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90+2 зад.

Тавре Кумитаи миллии олимии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар бозии дигари гурӯҳи «С» тими Фаластин аз мунтахаби Сингапур бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд. Аммо бо ин вуҷуд тими Фаластин бо 6 имтиёз дар мақоми аввал монд. Тоҷикистон низ баъди пирӯзӣ бар Умон соҳиби 6 имтиёз шуд, вале футболбозони тоҷик аз нигоҳи таносуби тӯбҳо аз тими Фаластин ақиб мемонанд ва ҳам рақобати байни ин ду тим низ рӯзи 17 сентябр ба фоидаи фаластиниҳо анҷом ёфта буд.

Гуфта мешавад, Сингапур бо вуҷуди пирӯзӣ дар даври сеюм бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм монд ва аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд. Тими Умон, ки дар 3 бозӣ ҳамагӣ 1 имтиёз ба даст овардааст, дар гурӯҳи «С» ҷои охиринро гирифт ва низ ба хона бармегардад.

Қобили зикр аст, ки рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар 1/8 финал ғолиби гурӯҳи «D» -мунтахаби Ироқ – мебошад. Ин бозӣ 26-уми сентябр дар варзишгоҳи «Хвасон»-и шаҳри Хвасон соати 12.00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.  Дарвоқеъ, мунтахаби Ироқ дар сабқати гурӯҳӣ бар тимҳои Непал (4:0), Ҷопон (3:1) ва Кувайт (3:0) пирӯз шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...