Сабаби сӯхтор дар комбинати Қӯрғонтеппа расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ унвон шуд

Сабаби сӯхтор дар комбинати гӯшти шаҳри Қӯрғонтеппа бино ба маълумотҳои пешакии фаврӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ унвон шуд. Ба гуфти Суҳроб Қулмаҳмадов, котиби матбуотии Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, дар корхонаи хурди қаннодие, ки дар дохили комбинати гӯшти шаҳри Қурғонтеппа фаъолият мекард, дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сӯхтор ба амал омадааст. «Вақте мо ба […]

Сайраҳмон Назриев



Сабаби

сӯхтор дар комбинати гӯшти шаҳри Қӯрғонтеппа

бино ба маълумотҳои пешакии фаврӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ унвон шуд.

Ба гуфти Суҳроб Қулмаҳмадов, котиби матбуотии Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, дар корхонаи хурди қаннодие, ки дар дохили комбинати гӯшти шаҳри Қурғонтеппа фаъолият мекард, дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сӯхтор ба амал омадааст.

«Вақте мо ба ҷои ҳодиса расидем, аллакай коргоҳи қаннодӣ пурра сӯхта буд. Аз сар задани сӯхтор ба мо хеле дер хабар доданд. Ин ҳам ронандаҳои таксӣ дудро дар дохили корхона дида, ба шуъбаи вазорати корҳои дохилаи шаҳр занг зада хабар медиҳанд. Баъдан навбатдори  ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба хадамоти оташнишонӣ соати 00:36 хабар медиҳад. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон ва ё масъулин аз сар задани сӯхтор ба хадамоти оташнишонӣ дер хабар медиҳанд, ки ҳам кори сӯхторнишонон мушкил мешавад ва ҳам молу амволи зиёд сӯхта нобуд шуда, ҳаёти одамон зери хатар мемонад»- гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз ҳисоби муфаттишони прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа, ШВКД ва раёсати оташнишонӣ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис ёфта, сабабҳои сар задани сӯхтор ва гунаҳгорони ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.