Дар Суғд баъди 11-уми октябр интернет дастрас мешавад

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шабакаи интернет комилан дастнорас аст. Бино ба иттилои хабарнигорони «Азия-Плюс» аз шаҳри Хуҷанд, чанде қабл онҳо ба интернети пайвастшавӣ тариқи сим дастрасӣ доштаанд, вале ин алоқа низ қатъ шудааст. «Интернети мобилӣ ҳанӯз аз рӯзи якшанбе қатъ гардида буд. Феълан тавассути ADSL-модемҳо низ дастрасӣ мавҷуд нест. Ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои фароҳамсози интернет […]



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шабакаи интернет комилан дастнорас аст. Бино ба иттилои хабарнигорони «Азия-Плюс» аз шаҳри Хуҷанд, чанде қабл онҳо ба интернети пайвастшавӣ тариқи сим дастрасӣ доштаанд, вале ин алоқа низ қатъ шудааст.

«Интернети мобилӣ ҳанӯз аз рӯзи якшанбе қатъ гардида буд. Феълан тавассути ADSL-модемҳо низ дастрасӣ мавҷуд нест. Ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои фароҳамсози интернет бо кадом сабаб қатъ шудани дастрасӣ ба интернетро шарҳ намедиҳад, мегӯянд, ки мушкилоти фаннӣ ҷой дорад, вале дар бораи маҳз кадом мушкилоти фаннӣ ҳарфе намегӯянд», – гуфт тариқи телефон яке аз сокинони шаҳри Хуҷанд, ки айни замон ягона сарчашмаи робита бо ҷаҳони беруна аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати фароҳамсози хизматгузориҳои дастрасӣ ба интернет хабар доданд, «робита бо ҷаҳони беруна» баъди нимарӯзи 7-уми октябр комилан қатъ карда шуд. Ба гуфтаи манбаъ, аз Хадамоти алоқа дастури шифоҳӣ расидааст, ки дар он комилан қатъ кардани дастрасӣ ба интернет дар вилояти Суғд то 11-уми октябр талаб карда мешавад.

«Провайдерон дастури танзимгари алоқаро нодида гирифта наметавонанд, зеро ин мақомоти болоӣ буда, дар ҳама гуна ҳолат метавонад моро аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум намояд, ҳарчанд бар асари ин маҳдудият ба мо зиёни зиёд мерасад. Ҳар кадоме аз провайдерон қаҳвахона ё ширкатҳое доранд, ки мутобиқи қарордод онҳоро бояд ба дастрасӣ бо шабакаи интернет таъмин созанд ва барои иҷро накардани шартҳои қарордод, онҳо пурра ҳуқуқ доранд, ки ҷуброни зиёнро талаб кунанд», – гуфт ҳамсуҳбат.

Дар пойтахти Тоҷикистон низ алоқа ба интернет хеле «суст» буда, то ҳанӯз ба бисёр сомонаҳо, аз ҷумла Facebook, Vkontakte, «Википедия», Amazon.com, сервисҳои Майл.ру, Лента.ру, CA-NEWS,хадамоти русии хабаргузории «Озодагон» (catoday.org) ва ҳамчунин прокси-сомонаҳо ва анонимайзерҳо дастрасӣ ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқа даст доштан дар ин қатъкуниҳои дастрасӣ ба сомонаҳоро рад мекунад. Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Сабурӣ дар мусоҳиба ба агентии ТАСС дар ин робита изҳор намудааст, ки хадамот ба қатъкуниҳои дастрасӣ ба торнамоҳо даст надорад ва ваъда додааст, ки ба ин масъала расидагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, Сабурӣ зикр кардааст, ки баъзе сомонаҳо «хостори сулҳ дар Тоҷикистон нестанд».

«Қобили зикр аст, ки чанде аз сомонаҳо аз ҳад зиёд сиёсатзадаанд ва ба ҷойи таблиғи сулҳу ризоият дар ҷомеаи мо, ба барангехтани низоъ даст зада, ҳамчунин даъватҳо ва изҳороти ифротгароёна ба нашр мерасонанд», – таъкид доштааст ӯ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.