Оғози бозгаши зойирини тоҷик аз Арабистони Саудӣ

Оғоз аз фардо, яъне 9-уми октябр баргаштани ҳоҷиён аз зиёрати Каъба ба Ватан шурӯъ мешавад. Барои қабули ҳоҷиён, бору бағоҷи онҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии пурра дида шароити заруриро муҳайё намудааст. Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо гуруҳи аввалини ҳоҷиён дар хатсайри Ҷидда-Душанбе парвоз намуда, […]


Оғоз аз фардо, яъне 9-уми октябр баргаштани ҳоҷиён аз зиёрати Каъба ба Ватан шурӯъ мешавад. Барои қабули ҳоҷиён, бору бағоҷи онҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии пурра дида шароити заруриро муҳайё намудааст.

Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо гуруҳи аввалини ҳоҷиён дар хатсайри Ҷидда-Душанбе парвоз намуда, мутобиқи ҷадвали парвозҳо субҳи  10 октябр соати 05-10 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд хоҳад омад. Парвози охирин дар хатсайри Мадина-Душанбе 24 октябр амалӣ мешавад ва ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соати 22-35 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд хоҳад омад.

 Ёдовар бояд шуд, ки имсол аз фурудгоҳи Душанбе 4622 нафар зоирин тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» барои зиёрати Хонаи Худо ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина гусел шуданд. Фурудгоҳи Душанбе дар маҷмӯъ ба 48 адад рейсҳои рафта ва омада хизматрасонӣ мекунад. Соли ҷорӣ беш аз 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.