Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон ба маблағи $1,2 млн. бурс ҷудо карданист

Date:



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки исломии рушд (БРО) ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи $1,2 млн. бурс ихтисос диҳад.






Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов хабар дод, ки ҳайати БРО таҳти сарварии сариқтисодчии бонк Рабиҳ Маттар бо боздиди чаҳоррӯза ба Душанбе омадаанд.





Бино ба иттилои манбаъ, намояндагони бонк ҷиҳати мушаххас сохтани моддаҳои хароҷоте, ки аз ҳисоби бурси ҷудошуда молиягузорӣ карда мешаванд, бо вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода мулоқот карданд.





Ба қавли намояндаи вазорат, дар чаҳорчӯбаи азхудсозии бурс захираҳои зироатҳои ғалладона зиёд карда шуда, тухмиҳои босифат,

 

нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ мешаванд.





Зимни сафар ҳайати бонк ҳамчунин бо мақомоти роҳбарии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мулоқот хоҳад кард.





Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар дар шаҳри Душанбе ёддошти ҷудо кардани бурс ба имзо мерасад.





Дар ҳамин ҳол, Ғ.Расулов изҳор дошт, ки пас аз 2 моҳ ба шаҳри Душанбе ташрифи боз як ҳайати дигари Бонки исломии рушд дар назар аст. Интизор меравад, ки онҳо масъалаи ба Тоҷикистон ҷудо кардани қарзҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддатро баррасӣ мекунанд. Айни замон маблағи қарзҳо норавшан аст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...