Давоми моҳҳои январ-сентябрии соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 7 млрд. сомонӣ (тақрибан 1,4 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,6% зиёдтар аст.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 14,7, саноати коркард – 63% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 22,3%-ро ташкил додааст.
Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар 41 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 38 номгӯй истеҳсоли он коҳиш ёфта, 11 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.
Аз 1 ҳазору 143 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда аз оғози сол 184 корхона аз фаъолият бозмондаанд.



