Омодагии пурраи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба мавсими тирамоҳу зимистон

Дар ҷараёни кори ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ ва срамоягузории «Душанбе-2014: соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисод» дар пойтахт директори генералии нерӯгоҳи барқи оби Сангтӯда-1 Павел Лавров изҳор намуд, ки нерӯгоҳ барои кор бо иқтидори пурра дар мавсими тирамоҳу зимистон омода аст. Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар муносибатҳо бо ширкати «Барқи тоҷик», ки тамоми […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ҷараёни кори ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ ва срамоягузории «Душанбе-2014: соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисод» дар пойтахт директори генералии нерӯгоҳи барқи оби Сангтӯда-1 Павел Лавров изҳор намуд, ки нерӯгоҳ барои кор бо иқтидори пурра дар мавсими тирамоҳу зимистон омода аст.

Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар муносибатҳо бо ширкати «Барқи тоҷик», ки тамоми нерӯи барқи истеҳсолшуда ба ихтиёри он вогузор мегардад, тамоми масъалаҳо тариқи муколамаи созанда ҳаллу фасл мешаванд.

Ба қавли Лавров, дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба таври назаррас (30%) мушкилоти мавсимии норасоии барқро коҳиш медиҳад. «Аз ҷиҳати иқтидор ин дуюмин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 12% аз ҳаҷми умумии барқи тавлидшуда дар кишвар ба он рост меояд», – таъкид дошт вай.

П.Лавров зикр кард, ки истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар нерӯгоҳ бо шарти кори яквақтаи се агрегат ба ҳисоби миёна то 6 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. «Таъмини боэътимоди комплекси истеҳсолии минтақавии ҷануби Тоҷикистон бо марказҳои маъмурии Қӯрғонтеппаву Данғара, ки 65%-и аҳолии кишвар дар он зиндагӣ дораду 75%-и маҳсулоти молии Тоҷикистон дар он истеҳсол мешавад, ба устувории кори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 вобаста аст», – изҳор кард дирекотори генералии нерӯгоҳ.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон қисман реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ин маҳудудият танҳо ба шаҳрҳои мутаносибан бузурги ҷумҳурӣ дахл надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.