Хатлон: Боз як мулло ба ҷурми қаллобӣ ҷарима шуд

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа боз як муллоро ба ҷурми қаллобӣ маҳкум кард. Бино ба гуфти раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Сайдалӣ Сироҷиддин, сокини ноҳияи Бохтар  Раҳим Иброҳимовв ба боварии сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷ.З даромада, ӯро бовар кунондааст, ки аз тариқи хондани дуо метавонад муносибатҳои сардшудаашро бо дӯстдоштааш гарм намояд. «Мулло Раҳим рӯзи 7 июли соли 2014 ба […]

Сайраҳмон Назриев



Суди шаҳри Қӯрғонтеппа боз як муллоро ба ҷурми қаллобӣ маҳкум кард.

Бино ба гуфти раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Сайдалӣ Сироҷиддин, сокини ноҳияи Бохтар  Раҳим Иброҳимовв ба боварии сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷ.З даромада, ӯро бовар кунондааст, ки аз тариқи хондани дуо метавонад муносибатҳои сардшудаашро бо дӯстдоштааш гарм намояд.

«Мулло Раҳим рӯзи 7 июли соли 2014 ба хонаи иҷорагирифтаи ин сокини шаҳри Қӯрғонтеппа омада, бо ҳуруфи арабӣ ва форсӣ дар синаи чап ва атрофи маҳбали зан гӯё дуои гармиро менависад ва бар ивазаш аз ин зан 100 сомонӣ мегирад» – гуфт раиси суди Қурғонтеппа.

Ба қавли ӯ, нисбати Раҳим Иброҳимов бо моддаи 247 қисми 1 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо ҳамин модда ба ӯ айб эълон карда шуд.

«Дар мурофиаи судӣ гуноҳи Раҳим Иброҳимов бо моддаи 247 қисми 1 исботи худро ёфт ва суд ӯро ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё баробар ба 10 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд,- илова кард Сайдалӣ Сироҷиддин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.