Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе



Рӯзи 15-уми октябр Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) аз фаъолияти нуҳмоҳа дар соли равон натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев, сардорони хадамот ва шӯъбаҳо оид ба фаъолияти бахшҳои худ бобати корҳои иҷрошуда ахборот дода, аз ҷумла иброз дошта шуд, ки Фурудгоҳи Душанбе бо 14-ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ, 5-ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷаи дур, 2-ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар маҷмӯъ бо 21 ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. 

«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нӯҳ моҳи соли 2014 ба 527,955 нафар мусофири рафта ва ба 453,679 мусофири омада хизмат расонидааст. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нӯҳ моҳи соли 2014 – ум  1733т.654 кг.- ро ташкил дод. Ба 4786 адад рейсҳои доимӣ ва ба 422 адад рейсҳои чартерӣ хизматрасонӣ карда шудааст», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, парки техникии фурудгоҳ зиёда аз 100 намуд техника ва механизмҳои гуногун дорад, ки бо истифода аз онҳо мутахассисон дар тамоми фасли сол, дар ҳама гуна шароити обу ҳаво хати нишасту парвоз, тавақуфгоҳҳо, роҳравҳои зимомиро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта, ҳавопаймоҳоро қабул ва ба парвоз омода менамоянд.

«Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» (Ҷайка) барномаи такмили фурудгоҳи Душанбе омода карда шуд. Мутобиқи лоиҳа дар фурудгоҳи Душанбе бунёди терминали боркашонӣ ва харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (ILS), насби системаи чароғакҳои роҳнамо барои фурудоии ҳавопаймоҳо (PALS) ҳудуди 15-20 млн доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад. Агар бунёди терминали боркашонӣ имкон диҳад, ки ҳамлу нақли борҳо ба маротиб зиёд гардида, ширкатҳои зиёди ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳи Душанбе ҷалб карда шаванд, системаи нави фурудоӣ имкон медиҳад, ки бехатари парвозҳо дар ҳама гуна ҳолат пурра таъмин гардида имкони истифодабарии хати нишасту парвоз аз ду самт таъмин гардад», – қайд кард номбурда.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият таъкид гардид, ки авали моҳи ноябри соли ҷорӣ ба кор даромадани терминали нави фурудгоҳ барои кулли кормандон имтиҳони ҷиддист ва бояд сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо беҳтар карда шавад. 

spot_imgspot_img

Популярное