Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон



Рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷонро Шоҳин Мустафоев, вазири иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳбарӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ гардида, ба масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва техникию иқтисодӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва намояндагиҳои он дар ҳудуди ҳар ду ҷониб таваҷҷуҳи бештар дода шуд.

Гуфта мешавад, дар анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

spot_imgspot_img

Популярное