Аз рӯи натиҷаҳои Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ–муҳаррики иқтисодиёт», ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид, як қатор аснод ба имзо расиданд.
Тавре аз котиботи Шӯрои машваратии назди президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ хабар доданд, ҳамчун натиҷаҳои Форум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва Пажуҳишгоњи метаноли Сингапур оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Ассотсиатсияи ҷамъиятҳои тиббӣ оид ба сифати Русия вобаста ба рушди системаи таҳсилоти тиббӣ тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ Ёддошти ҳамкорӣ
ба тасвиб расид.
Гуфта мешавад, ҳамчунин байни КВД Корхонаи алюминии тоҷик ва Ширкати Глинкор Интернешнл Швейтсария дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ташкили бизнес – инкубаторҳо низ Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин санади ниҳоии Форум – Изҳороти Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 низ қабул гардид.
Ёдрас мекунем, ки дар кори форуми мазкур беш аз 500 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёгии Рушд, намояндагони дипломатии кишварҳои дунё, олимону коршиносони варзида, корхонаҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидори пуриқтидор, роҳбарони як қатор мақомотҳои давлатӣ ширкат варзиданд.



